ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз тарафи масъулини КИ ЊХДТ дар ноњияи Шањритуз дар якљоягӣ бо иштироки раиси дењаи Чуянчи Боймуродов Алимардон ва кормандони бунгоњи саломатӣ дар дењаи Чуянчи љамоати дењоти ба номи Талбак Садриддинови ноњияи Шањритуз вохурӣ ва сӯњбатњо доир намуда, ба онњо мурољиатномаи ЊХДТ ва ниќоб таќдим карда шуд. Баъд аз он, дар якљоягӣ бо раиси дењаи Чуянчи ва мудири бунгоњи саломатии дења бо ањолии дења бо усули “Хона ба хона” вохўриву суњбатњо доир намуда, аз ањволи беморон, маъюбон ва оилањои ниёзманд шинос гашта, ба онњо, барои пешгирї аз бемории сироятии COVID-19 ва риояи ќоидањои санитарию гигиенӣ бо маќсади пешгирӣ намудан аз касалии сироятии коронавирус корњои фањмондадињӣ гузаронида, мурољиатномаи ЊХДТ ва ниќобҳо таќдим намуданд. Инчунин, ба ањолии дења оиди оќилона ва самаранок истифода бурдани ќитъаи заминњои наздињавлигӣ ва заминњои Президентӣ тавсияњо дода шуд.