БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭҲТИЁТКОРӢ БАҲРИ ПЕШГИРӢ ВА МАҲВИ ВАБОИ АСР “COVID – 19”

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ ва муқовимат бо бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо волонтёрони ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” дар маҳаллаи Гулистони Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ва маҳаллаи Навбунёди деҳаи Чашмасори Ҷамоати деҳоти “Калинин”-и  ноҳия бо усули “Хона ба хона” корҳои ташвиқотию тарғиботиро роҳандозӣ намуданд.

Намояндагон бо мардум сӯҳбатҳои инфиродӣ гузаронида, таъкид намудаанд, ки густариши бесобиқаи пандемияи коронавирус дар баробари ҷомеаи ҷаҳон шаҳрвандони кишвари моро ҳам ба ташвиш овардааст. Бинобар ин, барои ҳамаи мо лозим аст, ки аз воҳимаю таҳлукаи беасос худдорӣ намуда, дастаҷамъона бар ин вабои аср муқовимат намоем. Зеро танҳо тариқи муборизаи дастаҷамъона мо метавонем ба натиҷаҳои нек ноил гардем.

Дар заминаи ин гуфтаҳо бо аҳли оилаи шаҳрвандон ҷиҳати риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, риояи масофаи то ду метр аз ҳамдигар, истифодаи ниқоб ҳангоми баромадан аз хона, мунтазам истифодаи маҳлулҳои антисептикӣ ва шустани дастон бо собун, бо истифода аз маводҳои махсуси безарраргардонии манзили истиқоматӣ ва ҳавлиҳо тавсияву маслиҳатҳои муҳим доданд.

Дар баробари гузаронидани суҳбату вохӯриҳо намояндагон аз ҳавлиҳои сокинон дидан намуда, ҷиҳати истифодаи самараноки қитъаи заминҳои корами ҳавлӣ ва президентии шаҳрвандон, гузаронидани кишти такрорӣ, ҳосилхез намудани заминҳо ва бо ин мақсад таъмини аҳли оилаи худ ва бозори истеъмолӣ бо сабзавоти тару тоза ва хушсифати ватанӣ маслиҳатҳо доданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg