БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД БО АҲЛИ ҶОМЕА БАҲРИ МУҚОВИМАТ БО БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУСИ НАВ-СOVID-19

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулин аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ҳизб, волонтёрон ва аъзои ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия иқдоми навбатии худро бо сокинони деҳаҳои Каҷкамар, Роҳи Ленин ва Навободи ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ифтихор”-и ноҳия дар самти пешгирӣ ва муқовимат бар зидди бемории сироятии коронавируси нав (COVID-19) усули «Хона ба хона»-ро тавассути автомобил бо баландгӯяк ба роҳ монданд.

Бо мақсади эминии мардум аз ин вабои аср, риояи қоидаҳои беҳдоштии гигиенаи шахсӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳия ба сокинон суҳбату тавсияҳои муфид пешниҳод намуда, ба онҳо маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотии аломатҳои пешгирикунандаи бемории коронавирус дастрас намуданд.           

Дар ин замина, ба шаҳрвандон фаҳмонида шуд, ки дар ин раванд рӯҳафтода нашуда, ба кору зиндагии осоишта ва меҳнати соф машғул шуда, бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ ва истеҳсоли меваю сабзавоти хушсифат  қитъаҳои замини кишоварзиро самаранок истифода баранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg