![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200521_090224%280%29.jpg?itok=65yP9h5W)
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ташкили корҳои тарғиботӣ вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавӣ ва интиқоли бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар маҳаллаи “Айнӣ”-и Ҷамоати шаҳраки "Дӯстӣ" бо сокинон бо усули "Хона ба хона" вохӯрӣ намуданд. Дар рафти вохӯрӣ масъулин ба сокинон ниқоб ва маводҳои таблиғотӣ тақсимот намуда, зимни суҳбат иброз доштанд, ки ба кӯчаҳо танҳо дар ҳолати зарурӣ бароянд, дастони худро мунтазам бо собун шӯянд, ба кӯча танҳо бо ниқоб бароянд, тариқи дастфишурӣ салом накунанд ва дар ҳолати пайдо шудани нишонаҳои бемории роҳи нафас ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.