![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200521_085039%280%29.jpg?itok=j3p8w2ae)
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун чорабинии навбатии ҳизбии иттилоотӣ - таблиғотӣ бо усули "Хона ба хона" вобаста ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус баргузор гардид. Зимни суҳбату вохӯриҳо масъулин ба истиқоматкунандагон иброз намуданд, ки мақсади баргузории ин гуна чорабиниҳо, ин пеш аз ҳама, ба мардум фаҳмонидани чораҳои пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус, бо роҳи роияи гигиенаи шахсӣ, пушидани ниқобҳои тиббӣ ва роия кардани масофаи иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, фаҳмонидани чораҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон доир ба пешгирии пандемияи коронавирус ба шумор меравад.