![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200526_110021.jpg?itok=3qXiSD2C)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини сокинон, пешгирӣ ва фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиянамуда, корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пешгирии бемории сироятии COVID-19 ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро дар байни сокинони ноҳия бо усули «Хона ба хона» ҳамарӯза идома дода истодаанд.
Гурӯҳи кории Кумитаи иҷроия дар деҳаи Олтинсой Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» бо усули «Хона ба хона» вохӯриҳо баргузор намуда, ба сокинони деҳа роҳҳои пешгирии бемории коронавирусро фаҳмонида, таъкид менамоянд, ки ҳар як сокини кишвар бо азми қатъӣ бар зидди коронавирус муборизаи шадид бурда, барои пешгирӣ ва аз байн бурдани он саҳми худро бояд гузорад. Ҷиҳати пешгирии беморӣ варақаҳои тавсиявӣ-таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Муроҷиатномаи ҲХДТ, инчунин, ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим намуданд.
Ба сокинони деҳа роҳҳои пешгирии бемории коронавирус, қоидаҳои беҳдоштро дар хонадонашон нигоҳ доштанро фаҳмонида, барои иҷро варақаҳои тавсия ва таъкидии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақсим намуданд. Ёдовар карда шуд, ки бештар гигиенаи шахсиро риоя намуда, моҳияти худдорӣ кардан аз иштирок дар ҷойҳои серодам ва ҳар гуна ҷамъшавиҳои безарурат фаҳмонида дода шуд.
Бо мақсади расонидани кӯмак вобаста ба безарагардонӣ аз ҳисоби Кумитаи иҷроия маводи безаргардонии маҳлули хлор ба миқдори 2,5 кг ва 35 адад ниқоб дастраси сокинон намуда, манзили зисти онҳо, роҳу кӯчаҳои деҳа безарар гардонида шуд.