![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200520_103727.jpg?itok=QfQEQ_7f)
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти дастгирӣ намудани қишрҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби шахсони саховатманду хайрхоҳ амалҳои хайрхоҳонаро амалӣ намуда истодааст.
Бо ташаббуси шахсии мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон ҷиҳати дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ба як оилаи ниёзманд, сокини деҳаи Чашмаи Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» Шарипова Маҳкамтош кӯмаки яквақтаинаи маводи хӯрока, аз қабили пиёз, картошка, равған, қанди сафед, макарон, намак кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Кумитаи иҷроия минбаъд низ ин иқдомро бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалӣ мегардонад.