БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИЁЗМАНДОН ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати  башардӯстонаи  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси  муаззами  ҲХДТ,  дар  самти  дастгирӣ намудани  қишрҳои ниёзманди  ҷомеа аз  ҷониби  шахсони  саховатманду  хайрхоҳ амалҳои  хайрхоҳонаро амалӣ  намуда  истодааст.

Бо ташаббуси  шахсии  раиси  КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Носири  Хусрав ҷиҳати дасти  ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби вакилони гуруҳи вакили  дар маҷлиси  вакилони  халқи  ноҳия бо дастгирии  узви  фаъоли  ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав Азимзода Маҳшура  Абдуманон ба як оилаи  ниёзманд, сокини  деҳаи  Муъминобод Ҷамоати деҳоти  «Истиқлол»Турдиматова Дилором  кӯмаки  яквақтаинаи маводи хӯрока, аз  қабили  пиёз,  картошка,  равған, қанди  сафед, макарон, намак ва  орд кӯмаки  моддӣ расонида шуд. Зимни  дастрас намудани  кӯмакҳои  Азимзода  М.А.  мудири  шуъбаи  таблиғот, иттилоот  ва  матбуоти Кумитаи  иҷроия  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири Муродов Раҳмон  ва дигарон  иштирок  доштанд.

Кумитаи иҷроия минбаъд низ ин  иқдомро  бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб амалӣ мегардонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg