![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200526_110656.jpg?itok=h4QNk0nc)
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Лолазори ноҳия вохӯрӣ бо усули “Хона ба хона” оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо иштироки Гуломов С.Ч., корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон баргузор гардид. Дар раванди корҳои фаҳмондадиҳӣ ба аҳолӣ тавсияномаҳо оиди пешгирии бемории сироятии коронавирус, истифодаи мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ниқобҳои тиббию маводҳои антисептикӣ тақсимот карда шуд.