БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН АЗ ЗАМИНҲОИ ЛАЛМӢ НИЗ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕНАМОЯНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар суҳбати хона ба хона, ки аъзоёни гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар деҳаи Заркӯҳи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт оиди  самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ гузарониданд, ҳолати истифодабарии 68 қитъа заминҳои наздиҳавлигии одамон аз назар гузаронида шуд.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки сокинон ба он ки деҳа оби полезӣ надошта бошад ҳам нигоҳ накарда, аз заминҳои дар ихтиёрдоштаашон самаранок истифода менамоянд. Картошка ва дигар зироатҳои барвақт киштнамудаи онҳо нашъунамои хуб дорад.

Ба замин истифодабарандагон тавсия дода шуд, ки нигоҳубини зироатҳоро хуб ба роҳ монда, ҳосилро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg