БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ЗАМИНҲОИ ХУД БО ДИЛИ ГАРМ КОР МЕКУНАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия корҳои  оммафаҳмониро бо ҷалби аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ, гурӯҳи вакилӣ ва дигар фаъолони ҳизб васеъ ба роҳ монда, ҳамарӯза бо усули “Хона ба хона” дар баробари гузаронидани суҳбат дар масъалаҳои ҳалталаби рӯз аз ҳолати истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаи мардум дидан намуда, барои боз ҳам аз онҳо самараноктар истифода намудан дастур ва маслиҳатҳои муфид медиҳанд.

Чунин боздид аз рафти истифодаи заминҳо рӯзи 26 майи соли равон бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа дар деҳаи Санговаки Ҷамоати шаҳраки Ховалинг гузаронида шуд. Ба мушоҳида расид, ки сокинони маҳалла барои рӯёнидани ҳосили дилхоҳ дар заминҳои худ бо дили гарм кор мекунанд.

Аъзоёни гурӯҳ ҳангоми боздид аз заминҳои назди ҳавлигӣ бештар аз 63 хонаи сокинон ба замини истифоданашуда дучор нагардиданд.

Кормандони Кумитаи иҷроия барои беҳтару хубтар нигоҳубин ва парвариш намудани зироатҳо ба иштирокдорони суҳбат маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg