ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои фаъоли Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон, соҳибкор Саймуртазо Ғоибов дар арафаи Иди саиди Фитр ба 100 оилаи ниёзманди деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дасти кӯмак дароз намуда, ба онҳо ба миқдори муайян маводи озуқа дастрас намуд.
Онҳое, ки аз дастгирии аъзои ҲХДТ, соҳибкор Саймуртазо Ғоибов баҳраёб гардиданд, дар ҳаққи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки шахсони доро ва сарватмандро дар арафаи таҷлили чунин санаҳои муборак ба корҳои неку савоб барои дастгирии ятимон, беморон, пирони яккаву танҳо, оилаҳои муҳтоҷи ёрӣ даъват ва ҳидоят менамояд ва дар ҳаққи хайркунанда дуои нек намуданд.