ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо дар қатори корманони Кумитаи иҷроия ва гурӯҳҳои таблиғотии ташкилотҳои ибтидоиии ҳизбӣ дар корҳои оммафаҳмонӣ ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи самараноки замин саҳми арзанда мегузоранд. Онҳо бо дастури Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо усули “Хона ба хона” роҳҳои пешгирии ин бемориро ба сокинон фаҳмонида, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас мекунанд, ки аз ин амалашон сокинон изҳори қаноатмандӣ мекунанд.
Чунин як вохӯрии муфид дар деҳаи Дараи ҳавзи Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт аз тарафи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳа Асадулло Сайдалиев гузаронида шуд.
Аз суҳбати гузаронидашуда сокинони дурдасти Дараи ҳавз оиди масъалаҳои ҳаётан муҳим, алалхусус, пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ва истифодаи самараноки замин маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.