БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТГИРИИ НАВБАТИИ КИ ҲХДТ БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар асоси сиёсати ятимпарварона ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби соҳибкорон, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва дигар шахсони хайрхоҳ ятимон, бепарасторон, пирони яккаву танҳо, беморон ва дигар оилаҳои ниёзманди муҳтоҷи ёриро дастгирӣ намуда, онҳоро ба маводи аввалияи зиндагӣ таъмин менамояд.

Чунин амали хайрхоҳона ва инсондӯстона аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар арафаи таҷлили Иди саиди Фитр сурат гирифт.

Кӯмаки хайриявиро, ки аз орд, равған, пиёз ва дигар маҳсулотҳои хӯрокворӣ иборат буд, ба 5 нафар оилаҳои ниёзманд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Халилзода Сафар Хоҷа супорид.

Боиси қаноатмандист, ки дар амалӣ намудани чунин амали хайр вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҲХДТ ба дигарон ибрати шахсӣ нишон  медиҳанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg