БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРДУМРО БА РИОЯ НАМУДАНИ ТАЛАБОТҲОИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ТАЛҚИН НАМУДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ 26 майи соли 2020 аъзоёни гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо усули “Хона ба хона” сокинони деҳаро ба риоя намудани талаботҳои гигиенаи шахсӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус талқин намуданд.

Дар вохӯриҳо қайд карда шуд, ки роҳи асосии сироят наёфтан ба ин беморӣ риояи талаботҳои беҳдоштӣ: тозаю озода нигоҳ доштани ҷойи кор ва манзили зист, бо собун шустани дастон баъди иҷрои ин ё он амал, бе зарурат набаромадан аз хона, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дигарҳо мебошад.

Иштирокдорони суҳбатҳои доиркардашуда ба кормандони Кумитаи иҷроия ва дигар аъзоёни гурӯҳи таблиғотӣ барои ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин рӯз чунин суҳбатҳои муфид дар зиёда аз 74 оилаи деҳа гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg