БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ МО АЗ ХУДИ МО ВОБАСТАГӢ ДОРАД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати пешгирии сокинон аз бемории коронавирус дар кӯчаву мағозаҳои Ҷамоати деҳоти Даштигуло ба сокинон муроҷиатномаи ҲХДТ-ро, ки дар он тавсияҳои мутахассисони соҳаи тиббӣ дарҷ гардидааст, дастрас карда, зимни баромадҳояшон таъкид доштанд, ки бе ниқоб бояд ба ҷойҳои ҷамъиятӣ набароянд ва ба тозагии худ ва атрофиён ҷиддӣ муносибат намоянд. 

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода иброз дошт, ки ҳар яки моро зарур аст, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, худ ва наздиконамонро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ дорем. Дар рафти чорабинӣ ба аҳолӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ варақаҳои иттилоотӣ, маводи антисептикӣ ва ниқоби тиббӣ тақсим карда шуда, таъкид гардид, ки риояи гигиенаи шахсӣ асоси пешгирӣ аз ҳар гуна бемории сироятӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg