БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ИДОМА ДОРАНД

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Темурмалик  бинобар  тасдиқ  гардидани  мавҷудияти  бемории  сироятӣ  коронавирус  (COVID – 19)  дар  Тоҷикистон корҳои таблиғотиро ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии ин беморӣ бо усули “Хона  ба  хона”, “Кӯча ба кӯча” ва “Деҳа ба деҳа” пеш бурда истодааст. 

Санаи 26 майи соли ҷорӣ кормандони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ–и ноҳия   бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) ва самаранок  истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, кишоварзӣ ва президентӣ дар деҳаи  Қарақамиши Ҷамоати деҳоти Қарақамиш бо усули “Кӯча ба кӯча” вохӯрӣ  баргузор намуданд. 

Дар анҷоми вохӯрӣ ба ҳар як иштирокчӣ се намуд варақаи таблиғотӣ ва  ниқобҳо бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва истифодаи  самараноки замин тақсим карда шуд. Корҳои таблиғотӣ ва  тарғиботӣ дар деҳаю маҳаллаҳо идома доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg