БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮМАКҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ФАЪОЛОНИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН БА ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНДУ КАМБИЗОАТ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо дар асоси дастуру супориш ва ҳидоятҳои раиятпарваронаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои басо мушкил, ки кишвари азизамонро бемории сироятии коронавирус (COVID-19) таҳдид мекунад, кӯмакҳои хайрхоҳонаи фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманду камбизоат расонида шуда истодааст.
Дар ин  замина, имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ аз ҳавзаи интихоботии “Фархор–34” аз ҳисоби пасандозҳои музди меҳнаташ ба сокинони ҷамоати шаҳрак, ҷамоатҳои деҳоти “Нури Ваҳдат”, “Озодагон” ва ба номи Кабут Сайфутдини ноҳияи Панҷ дар ҳаҷми 1850 адад ниқоб, 520 адад даспушакҳои муҳофизатӣ ва 690 адад маводҳои антисептикӣ кумак расонида шуда, сокинони ноҳияи  Панҷ аз ин амали хайрхоҳонаи вакил хеле хушнуд шуда, барои дастгириашон сипозгузору миннатдоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg