БАЛХӢ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Истгоҳи зироатҳои гармидиҳанда »- и ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулин нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуд. Иштирокдорон суханрониҳои судманди шахсони расмиро бо дарки масъулияти баланди ватандӯстона диққат дода, иброз доштанд, ки дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбиро сармашқи кору фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.
Чунин вохӯриву ҷамъомадҳои ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ идома доранд.