НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус (COVID-19) кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд. Дар рафти чорабинии мазкур ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас гардида, таъкид карда шуда истодааст, ки беҳуда ва безарурат ба кӯчаҳо набаромада дар хона бимонанд. Ҳангоми ба кӯча баромадан ниқоб пӯшида, кӯшиш намоянд бо даст ба якдигар салом накунанд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур ба сокинон таъкид гардид, ки имрӯз коронавирус (COVID-19) боиси марги зиёди инсонҳо дар сайёра гашта, назди пурқувваттарин давлатҳои ҷаҳонӣ мушкилиҳоро ба бор овардааст.
Иқтисоди ҷаҳон ба коҳиш рафта, дар муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ низ монеаҳои ҷиддӣ пайдо намудааст. Аз ин лиҳоз, якояки моро зарур аст барои ҳарчӣ зудтар болои ин беморӣ ғолиб омадан дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар, бахусус мутахассисони соҳаи тандурустиро сармашқи кори худ намуда, дар мубориза бар зидди ин беморӣ саҳмгузор бошем.