НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус пайваста кӯчаву маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр суҳбату вохӯриҳо бо усули “Хона ба хона” баргузор гардида истодаанд.
Зимни вохӯриҳо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба пешгирии бемории навъи COVID -19 ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба сокинон тавсияҳо пешниҳод намуда, изҳор медоранд, ки ҳар яки моро зарур аст, ки ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ риоя намуда, баҳри бартараф намудани ин вабо саҳмгузор бошем.