Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгири қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пайрави аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ дар самти дастгирӣ намудани қишрҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби шахсони саховатманду хайрхоҳ амалҳои хайрхоҳона амалӣ намуда истодаанд. Дар арафаи иди Саиди Фитр ва дасти ёрӣ дароз намудан ба эҳтиёҷмандон аз ҷониби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Ализода Сураё Ҷура ба як оилаи ниёзманд, сокини 98-солаи деҳаи Рӯзиобод Ҷамоати деҳоти «Фирӯза» Раҳимов Нарзулло кӯмаки яквақтаинаи маводи хӯрока, аз қабили пиёз, картошка, равған, қанди сафед, макарон, намак ва орд, кӯмаки моддӣ ба маблағи 565 сомонӣ расонида шуд. Кумитаи иҷроия минбаъд низ ин иқдомро бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалӣ мегардонад.