МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои омафаҳмонӣ бо 63-нафар истиқоматкунандагони кӯчаи А.Раҳимов оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “Хона ба хона” баргузор карда шуда, ба иштирокчиён аз тарафи шахсони масъул ба миқдори 96 дона ниқобу маводҳои таблиғотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуот Ҳайдарзода Рамазон, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алишери Амрохон ва мутахассиси Бахши кор бо занон оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Тахминаи Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд. Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.