БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШГИРИИ ИН БЕМОРИИ СИРОЯТӢ МАРДУМ БОЯД ҲАМЕША ЭҲТИЁТКОР БОШАНД!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Эшонободи ҷамоати Гулистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, аз варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирӣ аз коронавирус (COVID-19) истифода намуда, ба аҳолӣ нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.

Масъулин дар мулоқоту вохӯриҳо  бо сокинон иброз намуданд, ки то ҳол бештар аз 30 навъи коронавирусҳо ба олимони соҳа маълуманд. Ин вирусҳо дар парранда, сагу гурба, мӯш, мор, кӯршапаракҳо, хук, харгӯш ва дигар намуди ҳайвонот инкишоф меёбанд. Хуруҷи вируси намуди нави коронавирусро олимони соҳаи тиб охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин ба қайд гирифтанд. Дар миёни сироятёфтагон табибон ва кӯдакон низ ҳастанд. Аломатҳои асосии ин беморӣ табларза, ҳарорати баланди бадан, сулфаи хушки бардавом, дарди сар, дарди гулӯ ва дарди мушакҳо мебошад. Бемории зикршуда аввал нафаскаширо душвор сохта, баъд ба кори шуш халал ворид месозаду дар ҳолати саривақт пешгирӣ накардан инсонро ба марг мерасонад.

Мардуми сарбаланди Тоҷикистон бояд инро бидонад, ки имрӯз Ҳукумати мамлакат қодир аст, барои пешгирии ин беморӣ муқовимат нишон диҳад ва мардум бояд ҳамеша эҳтиёткор бошанд ва ба тавсияи табибон гӯш диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg