БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН ҲАМА ОМОДАЕМ!

ВОКУНИШ. Доирањои манфиатљўи ќирѓиз бо њимоят аз сарњадбононашон њамеша дар фикри нооромсозии вазъи сарњади давлатї мебошанд. Ин нуќтаро метавон аз амалњои ѓосибонаашон, ки дар  Иди саиди Фитр тарафи сарњадбонони тољик аз силоњи оташфишон тир холӣ карда, хизматчии ќушунњои сарњадиро захмї намудаанд,  бараъло эњсос кард. Њамчунин, баъди ба мусолиња омадан ва фаъолияти комиссияи босалоњият якчанд рўз пас, аниќтараш 27.05.2020 боз амали иѓвогаронаро идома дода тарафи сокини осоиштаи тољик, сокини Љамоати дењоти Чоркўњ, Шаропова Шукрона, ки љинси латиф аст, тир холї карда, бори дигар собит сохтанд, ки ин тўдаи авбош на ба занон рањм доранду на ба кўдакон.

Дар урфият мегўянд, ки «дўзди зур соњиби хонаро бастааст» ва амали сокинони марзии ќирѓиз њамљоя бо сарњадбононашон њамин гуна рисолати ѓосибонаю манфиатљўёнаи онњоро таќвият дода, онњо боре њам андеша намекунанд, ки заминњои таърихии халќи тољик ба хотири њамсоядории осоишта ва зиндагии якљояи орому осўда дар даврони Њукумати Шўравї ба онњо њамчун иљора дода шуда буд. Ва маънои иљора ин мувақќатан вобаста намудани замин њасту соњибмулк метавонад дар дилхоњ ваќт шартномаи басташударо бекор кунад.

Мутаассифона, доирањои манфиатљўи ќирѓиз бо дастгирї аз элитаи сиёсии шурандозу бадгуњари худ њамеша дар фикри нооромсозии вазъ дар минтаќањои марзї мебошанд ва онњо њељ гоњ роњи мусолиња ва шартномањои ќаблан басташудаи комиссияи байнидавлатиро эътироф намекунанд. Ва, бадбахтона сари њар ваќт бо амалњои иѓвогарона вазъро ноором сохта, тамоми аъмоли нооромсозии вазъро дар сарњад ба души мардуми марзии Тољикистон бор мекунанд. Њатто дар шабакањои иљтимої ба таври воќеї маълум аст, ки тирпаронї аз љониби гурўњњои манфиатљўи ќирѓиз оѓоз гардидааст, вале њамчун љанги иттилоотї њар бор њукуматдорони ќирѓиз ин иттињомоти воќеиро рад мекунанд. Ин амали ѓосибона бори дигар исбот мекунад, ки дар бисёр маврид њукуматдорони ќирѓиз аз баёни њолати воќеии мушкилоти сарњад чашм пўшида, ањволи вазъи сарњадиро ба зиммаи олами љиноёт ва гурўњњои манфиатљўй мегузоранд, ки боиси нооромию хархаша ва мураккабшавии муносибат дар хати марз ва дар маљмӯъ миёни давлатњо мегардад.

Метавон ёдрас шуд, ки мардуми тољик аз азал мардуми мењмондўсту њамсоядўст ва тањаммулпазир аст ва афроди љиноятпешаи ќирѓиз ба хуби эњсос мекунанд, ки љањолату якравии онњо шояд барои ба маќсад расидан мусоидат кунад. Вале тањаммулу њусни њамљаворї њадду њудуд дорад ва баъди чунин амалњои яктарафаю манфиатхоњонаи давлати њамсоя дигар роњи гузашту њамдилї роњи њалли масъала нахоњад буд. Мардуми тољик, бахусус љавонони ѓаюри Ватан барои њимояи марзу бум ва замини бобої њамеша омодаанд. Имрўз баъди мушкилоти солњои марзї тамоми мардуми Тољикистон ба хубї аз фаъолияти доирањои манфиатљўи ќирѓиз огоњанд ва заминњои бобоиро бо арзиши љон муњофизат хоњанд кард.

Ќирѓизи чашмтанг бояд дониста бошад, ки решаи тољик аз умќи таърих об мехурад ва мактаби мардонагию сипањсолории мардуми мо назди тамоми ањолии сайёра маълуму машњур аст. Аз њама роњи њалли дурусти масъала ин пешгирї аз тавтеаю иѓвоандозист ва дар сурати ѓайр љавонони ѓаюри Ватан барои дифо аз ору номус, аз миллату мењан якдилона омода хоњем буд.

Алиљон Асаќолов, сокини ноњияи Ш.Шоњин

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg