
ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо усули «Хона ба хона» дар деҳаи Рӯдакӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намуданд.
Дар чорабинии мазкур масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинон атрофи масъалаи дар боло зикршуда суханронӣ намуда, дар бораи роҳҳои сироятёбӣ аз ин вабои аср ва роҳҳои пешгирӣ намудан аз онро маълумот доданд. Ҳангоми суҳбат масъулин диққати асосиро барои эмин мондан аз ин беморӣ ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва чамъиятӣ равона сохта, аз шунавандагон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он қатъиян риоя карда шавад.
Ҷиҳати муҳофизат аз бемории коронавирус ба сокинон бо усули “Хона ба хона” маводҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.