
ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз барои фаҳмондадиҳии корҳои кишту кор дар шароити хона, яъне заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Гулистони ноҳияи Хуросон корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов С.Ч. вохӯрӣ бо тарзи "Хона ба хона" доир намуда, дар он пешниҳодҳои муфид ба аҳолӣ барои кишту кор дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва инчунин, тавсияҳо барои пешгирии бемории коронавирус дода шуда, ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ, ниқобҳои тиббӣ ва маҳлули антисептикӣ дастрас карда шуд.