
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар баробари гузаронидани суҳбати “Хона ба хона” ба соҳибхонаҳо оиди пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус, сӯҳбат ба роҳгузаронро низ ба роҳ монданд, ки он ҳам натиҷабахш аст. Зарурати ба роҳ мондани чунин кори фаҳмондадиҳӣ аз он баромад, ки имрӯз ба он нигоҳ накарда, ки бемории коронавирус дар ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шудаасту талафоти ҷонӣ низ дида мешавад, баъзе одамон дар кӯча ва дигар ҷойҳои серодам талаботҳои гигиенаи шахсиро риоя намекунанд.
Кормандони Кумитаи иҷроия чунин суҳбатҳои сарироҳиро дар кӯчаҳои маркази ноҳия ба зиёда аз 58 нафар шахсоне, ки талаботҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемориро риоя накарда гашту гузор менамуданд, гузарониданд ва оқибати фоҷиабори ин амалашонро ба онҳо фаҳмониданд.