
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар баробари “Хона ба хона” ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом дода, ба шахсоне, ки дар кӯча, бозор ва дигар ҷойҳои серодам гигиенаи шахсиро риоя намекунанд, суҳбатҳо ороста, ин амали зарароварашонро нисбати худ ва дигарон мефаҳмонанд.
Чунин суҳбат ба шахсоне, ки дар дохили бозори колхозӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор менамуданд, доир карда шуд.
Боиси қаноатмандист, ки аксари онҳо баъди бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ хатои худро фаҳмида, онро зуд ислоҳ намуданд.