БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАДИ АСОСИИ ҲХДТ СОЛИМИИ МИЛЛАТ АСТ

ҲАМАДОНӢ.    Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо коргарони ҶДММ “Намакдон” вохӯрӣ гузарониданд.

         Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Д. Ғаффорзода оиди риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ ва муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳамватанони гиромӣ оиди пешгирии бемории сироятӣ суханронӣ кард. Барои ҳифзи солимии аҳолӣ ба ҳар як нафар таъкид карда шуд, ки саломатии ҳар як шаҳрванди кишвар барои мо азиз буда, ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна сироятҳо худро эмин нигоҳ доранд. Ба кормандон таъкид гардид, ки заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентиро бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ самаранок истифода баранд.

         Кормандони Кумитаи иҷроия даъват ба амал оварданд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар накарда, аз рафтан ба ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд, аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд.

          Ба ҳамаи коргарони ҶДММ “Намакдон” муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастрас гардида, ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳия ройгон кӯмак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg