ВОКУНИШ. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардест, ки аз ҷиҳати аҳамияти сиёсӣ ва маънавӣ дар тули ҳазорсолаҳо ҳамто надорад. Агар насли имрӯзаи ҷавонони Тоҷикистон ин маъниро аниқ дарк намоянд, пас барои мо тоҷикону тоҷикистониён ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ вазифаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб меравад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар – ин масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ба шумор меравад.
Ҳар гуна хатар ба Истиқлолияти давлатамон бояд мавриди ҷиддӣ қарор дода шуда, намудҳо ва шаклҳои зуҳуроти онҳо дақиқ, роҳҳо ва усулҳои пешгирии онҳо муайян ва баҳри аз байн бурдани онҳо тадбирҳои мушаххаси самаранок амалӣ карда шаванд.
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфта истодааст.
Инсоният дар симои терроризми байналмилалӣ ба душмани бераҳму шафқат ва маккоре рӯ ба рӯ омадааст, ки тамоми меъёрҳои ахлоқӣ ва арзишҳои умумиинсониро поймол карда, барои расидан ба ҳадафҳои худ аз ягон ваҳшоният рӯй намегардонанд.
Созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияи муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳ ғояҳои тундгароиро ҷой карда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамояд.
Исломиён аз рӯзи нахуст ҷонибдори ҷангу ҷидол ва душманони ашадии сулҳу субот буданду ҳастанд, яъне онҳо ҳизби сиёсии динӣ неву балки ташкилоти террористиву экстремистӣ мебошанд. Ҳоло онҳо ба ташкилоти дигаре, ки Паймони миллии Тоҷикистон ном дорад, пайваст шудаанд. Роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ душмани асосии сулҳу субот, тинҷиву оромии Тоҷикистони азизи мо мебошад. Муҳиддин Кабирӣ дар сомонаи фейсбук баромад карда, истеъфои Ҳукумати Тоҷикистонро талаб кардааст. Дар ҳоле, ки тамоми дунёро бемории сироятии коронавирус ба ташвиш овардааст ва аз ин беморӣ ҳеҷ халқе, ҳеҷ кишваре иммунитет надоштааст. Ба ин сабаб, бояд ҳама аҳолии ҷаҳон даст ба дасти ҳамдигар ба муқобили ин беморӣ мубориза баранд. Муҳиддин Кабирӣ бошад, дар фикри истеъфои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бинед, тамоми мардуми сайёра, алалхусус, Тоҷикистон дар фикру андешаи раҳоӣ ёфтан аз ин беморӣ мебошанд, Муҳиддин Кабирӣ бошад, дар фикри истеъфои Ҳукумат.
Шукр, ки дар асоси сиёсати ғамхоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми бемороне, ки ба беморхонаҳо бистарӣ мегарданд, ройгон табобат шуда истодаанд ва то имрӯз зиёда аз 1500 нафар шифо ёфта, ба хонаҳояшон ҷавоб шуданд.
Шахсан ман фикр мекунам, ки маводи дар сомонаҳо нашршуда хусусияти иғвогарона дошта, бо мақсади паҳн намудани кинаву адовати иҷтимоӣ-сиёсӣ, тафриқаандозӣ дар ҷомеаи ҳозираи тоҷик равона гаштаанд.
Иттилооти низоъандозӣ дар сомонаҳо, ки аз тарафи Паймони миллии Тоҷикистон паҳн шуда истодааст, саросар аз туҳмату буҳтон нисбати Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Муҳиддин Кабирӣ, ки роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон аст, чӣ мақсад дорад? Ҳарчанд роҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ва аъзоёни ин ташкилот дар маркази тамаддуни демократияи ҷаҳонӣ- Иттиҳоди Аврупо зиндагӣ кунанд ҳам, аммо мақсади асосии онҳо сарнагун сохтани давлати демократии ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон мебошад. Онҳо чандин сол пеш Тоҷикистонро тарк карда, аз ҳолати кунунии он хабаре надоранд. Иттилооти бардуруғе, ки онҳо ба воситаи сомонаҳои худ паҳн мекунанд, ягон далели воқеӣ надорад ва аз манбаҳои носанҷида гирифта шудааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фикри бартараф сохтани бемории сироятии COVID–19 мебошанд ва барои бартараф сохтани он тамоми чораҳои лозимиро андешида истодаанд. Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар давоми 3 моҳ ба музди маоши табибоне, ки ба муқобили ин беморӣ муқовимат менамоянд, иловапулӣ зам шуда, ҳоло ба онҳо ва оилаҳои онҳо ва ба шахсоне, ки гирифтори ин беморӣ гаштаанд, маводи ғизоӣ ва пулӣ кумак шуда истодааст.
Кабириҳо бояд фаромӯш насозанд, ки дигар ҳеч кас ба даъвату шиорҳои онҳо бовар намекунанд. Мақоли тоҷикие аст, ки “саг меҷакаду роҳрав ба роҳаш меравад”.
Ба шарофати Истиқлолияти кишвари азизи мо, Тоҷикистон узви ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, таҳкиму тақвияти истиқлолияти давлативу миллӣ кори ҳар як фарди бонангу номус аст.
“ Миллате, ки бедор нест, миллате, ки ҳушёр нест, миллате, ки аз гузаштаи худ ёд намекунад, вайронаҳои онро обод намекунад ва ба озодиву ободии Ватани худ кӯшиш намекунад, аз хушиҳои зиндагӣ бебаҳра мемонад”- гуфтааст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Халқи тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият бо роҳбарии Пешвои муаззами худ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ дида, дар тамоми саросари кишвари азизи худ ба ободкориву созандагӣ машғуланд.
Д. Ғаффорзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ