Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дастгири қишри ниёзманди ҷомеа яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо мақсади пайравӣ аз сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, дар самти дастгирӣ намудани қишрҳои ниёзманди ҷомеа аз ҷониби шахсони саховатманду хайрхоҳ амалҳои хайрхоҳонаро амалӣ намуда истодааст.
Бо ташаббус ва талошҳои пайвастаи кормандони Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати дасти ёрӣ дароз намудан ба қишрҳои ниёзманд, аз ҷониби узви фаъоли ҲХДТ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав Кабирова Раҷабмоҳ дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ба як оилаи ниёзманд, сокини деҳаи Лолазор Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» кӯмаки яквақтаина – маводи хӯрока, аз қабили пиёз, картошка, равған, қанди сафед, макарон, намак ва орд расонида шуд. Кумитаи иҷроия минбаъд низ ин иқдоми некро бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб амалӣ мегардонад.