БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОММАФАҲМОНӢ ИДОМА ДОРАНД

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯз ба 112-нафар истиқоматкунандагони кӯчаи С.Назаров оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “Хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба иштирокчиён аз тарафи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азимов Маъруф ба миқдори 210 дона ниқобу маводҳои таблиғотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карда шуд.

Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдарзода Рамазон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Азимов Маъруф ва сармутахассиси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Хуршедҷони Холмурод иштирок ва сӯханронӣ намуданд.

Баргузории чунин чорабиниҳо дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия тибқи ҷадвал идома доранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg