ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ бо усули «Хона ба хона» миёни аҳолӣ корҳои фахмондадиҳиро доир гардонида истодааст.
Кормандони Кумита дар вохӯриву суҳбатҳо чӣ гуна пешгирӣ намудани бемориҳоӣ сироятӣ, риояи гигиенаи оилавӣ, худ ва дигаронро ҳифз намудан аз бемории сироятии коронавирус тавсияҳо дода, таъкид карданд, ки «Моро мебояд, ки ба таҳлука наафтида, тарзи хаёти солимро пеш гирем, ба табибони худ бовар кунем ва ба зиндагӣ хушбин бошем» ва хамеша тарғибгари ҳаёти солим буда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ аз гигиенаи шахсӣ оғоз карда то ба оилавӣ риояи қатъӣ намоем, то худ ва дигаронро эмин нигаҳ дорем.
Дар ин маврид, масъулин дар суҳбат бо сокинон ба кишту кори баҳорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани махсулотхои ғизоӣ ва саҳмашон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул шуданашон таъкид намуда, ба онхо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дастрас намуданд.