КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баргузории аксияи ҳизбии гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “аз даст ба даст”.
Зимни баргузории аксия қайд карда шуд, ки омилҳои паҳншавии ин беморӣ, ки имрӯз ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ин риоя накардани одоби муошират ва гаштугузори оммавӣ мебошад.Тавсия дода шуд, ки ҳангоми баланд шудани ҳарорати бадан, дарди гулӯ, мушкилии нафаскашӣ ва ё дигар нишонаҳои бемории зуком ба худмуолиҷакунӣ роҳ надода, ҳатман ба духтурони оилавӣ муроҷиат намоянд.