КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби аъзоёни фаъоли ҲХДТ ва шахсони саховатпеша бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.
Дар пайравӣ ба ин бо ибтикори раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Тамошотеппа” роҳравҳои дохилии маҳаллаи номбурда пурра безарар гардонида, дар ин самт чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда, баҳри пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, бахусус, коронавирус равона гардидааст. Чунин иқдомҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ аз ҷониби фаъолони ҲХДТ идома дорад.