ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди бемории коронавирус ва самаранок истифода бурдани замин кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони маҳаллаҳои ҷамоати Ҷиликӯл суҳбатҳо бо усули «Хона ба хона» гузаронида, варақаҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои тиббӣ тақсим намуданд.