ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои ҳалли масъалаҳои гуногун шаҳрвандон ҳамарӯза ба идораву ташкилотҳои давлатӣ муроҷиат менамоянд. Ҷиҳати огоҳонии шаҳрвандон ва иҷрои амали хайр, яъне тақсимоти ниқоб мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ба ҳар як нафаре, ки назди идораҳои маъмурӣ меоянд, ройгон ниқоб доданд. Ҳангоми тақсимоти ниқоб ба ҳамаи ҳамсӯҳбатон риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, аломат ва нишонаҳои бемории сироятии коронавирус фаҳмонида шуд.
Мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ зимни ҳар як сӯҳбат ба сокинон мефаҳмонанд, ки барои мубориза бурдан ба бемории сироятии коронавирус ҳар як шаҳрвандро зарур аст, ки қоидаҳои гигиениро риоя намуда, бе зарурият ба ҷойҳои ҷамъиятӣ нараванд.