ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ҳамарӯза дар маркази ноҳия ва маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои таблиғотӣ бо усули “Хона ба хона” роҳандозӣ карда мешавад. Чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти ба номи Х. Раҷабов гузаронида шуд.
Дар вохӯрӣ масъулин ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дода, иброз дошт, ки ҳар яки мо бояд дастаҷамъона бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо кишт намудани якчанд ҳосил ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳм гузорем.