ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи моро низ ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мардатсой»-и Ҷамоати шаҳраки Киров усули «Хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрии мазкур Муовин – мудири Шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии КИ ҲХДТ дар ноҳия Исмоил Ҷалилов ва мудири Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Илҳом Даминов бо аҳолии деҳаи мазкур суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19) ва роҳҳои пешгирӣ намудани он маълумот доданд. Дар рафти вохӯрӣ диққати асосӣ ба ҷиҳати асосии пешгирӣ намудани беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, аз шаҳрвандон хоҳиш карда шуд, ки қоидаҳои тозагии хонаву таҷҳизотҳои он ва деҳот қатъиян риоя карда шавад.
Ҷиҳати муҳофизат аз бемории коронавирус ба сокинон бо усули “Хона ба хона” зиёда аз 600-адад ниқобҳои ҳифзкунанда тақсим карда шуд.