БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ – БОИГАРИИ ДАВЛАТ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иљроияи ЊХДТ дар ноњияи  Балљувон бо маќсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи оќилонаи замин пайваста миёни ањолї суњбату вохўрињои судмандро баргузор гардонида, ба ин восита сатњи огоњии мардумро оид ба  пешгирии беморињои сироятї ва истифодаи самараноки њар як ваљаб замин баланд мегардонанд.

Маврид ба зикр аст, ки зимни вохурию суњбатњо таъкид карда мешавад, ки сокинон бояд ба тањлука нафтида, ваќти мушоњида кардани нишонањои беморї ба табиби оилавӣ мурољиат намоянд ва ба худтабобаткунӣ  роњ надода, аз тавсияи табиби оилавӣ истифода намоянд.

Масъулини кумита аз рўи усули «Хона ба хона» дар якљоягї бо раиси мањалла ва волонтёрон ин навбат дар дењаи Сиёњлояки Љамоати дењоти ба номи Сафар Амиршоеви ноњия сӯњбату вохўриро доир гардонида, аз њолу ањволи њар як аз ањолии дењаи номбурда пурсон шуда, ба онњо вараќањои иттилоотї оид ба пешгирии бемории коронавирус дода шуд.

Њамчунин, ќайд карда шуд, ки саломатии миллат дар воќеъ боигарии давлат аст, ба ин хотир, риояи ќатъии гигиенаи шахсї ва оилавиро ба љо оварда, фарзандонро низ дар ин рўњия тарбия созем. Ба ин васила, солимии худ ва љомеъаро аз сироятёби ба беморињои сироятї  эмин нигоњ дошта, сатњи афзоиши бемории коронавирусро гирифта метавонем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg