А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо пайрави аз сиёсати бунёдкоронаи ҲХДТ ва бо мақсади амалӣ гардонидани шароити ҷои корӣ ва тозаю озода гардонидани муҳити зист масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳар ҳафта рӯзи шанбе ба корҳои ободонӣ, таъмиру тармим ва тозаю озода кардани муҳити зист машғул мебошанд.
Дар баробари ба роҳ мондани корҳои ободонӣ ва таъмири таҷҳизоту воситаҳои кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади муқовимат ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус ҳар ҳафта дохили бино ва гирду атрофи бинои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбро тоза карда, бо истифода аз маҳлулҳои махсуси зидди бактериявӣ корҳои безараргардониро ба роҳ мемонанд.
Ин амали кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияро дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳиявӣ ва фаъолону вакилони гурӯҳи ҳизбӣ пайгирӣ намуда, мунтазам дар корҳои ободонию бунёдкории маҳал, таъмири роҳҳо ва таъмиру бунёди муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ саҳмгузор мебошанд.