А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Иқдоми навбатии масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ниҳодҳои ҳизбӣ, волонтёрон ва аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони “Созандагони Ватан” вобаста ба амалҳои пешгирикунанда ва муқовимат бо коронавирус дар хиёбони марказии ноҳия ва бозорҳои ноҳия амалӣ гардонида шуд.
Намояндагон бо мардум, ки дар хиёбони марказии ноҳия гашту гузор менамуданд ва дар бозорҳо ба хариду фурӯш машғул буданд, баҳри муқовимат ва пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар ин вохӯриҳо бо мардуме, ки гашту гузор менамуданд, фаҳмонида шуд, ки бе зарурат аз манзили худ берун набароянд, ҳатман ниқоб пӯшида, масофаи байниҳамдигариро зиёда аз 2 метр риоя намоянд. Ба эҳтиёткорӣ, нигоҳдошти қоидаҳои беҳдоштӣ ва риояи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ диққати махсус диҳанд.
Дар баробари корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мардум ниқобҳои муҳофизатӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва варақаҳои иттилоотии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус дастрас гардонида шуд.