КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Ҳизбиёни шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон пайваста маслиҳатҳои кормандони соҳаро амалӣ мекунанд.
Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вобаста ба амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида, бо фаъолияти кишоварзони ҷамоати Зарбдори шаҳри Кӯлоб ошноӣ пайдо намуданд. Сокинон иброз намуданд, ки пайваста талош меварзанд, то ки ҳар ваҷаб замини худро самаранок истифода бурда, аз он ҳосили фаровон ба даст биёранд.