КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии “Солимии миллат бақои давлат” Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю махаллахои марказии шаҳри Кӯлоб дар асоси дастури мақомотҳои болоии ҳизбӣ аксияи фарогир бо усули “даст ба дас” доир ба масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ташкил карда шуд.
Қайд карда шуд, ки коронавирус, ҳамчун бемории сироятӣ дар тамоми сайёра шинохта шуда, сабаби фавти одамони зиёд гардидааст. Аз ин рӯ, дар муқобили ин беморӣ мубориза бурдан, бахусус, риояи гигиенаи шахсӣ ва дигар тавсияҳои пешниҳодгардида, боиси эмин будан аз беморӣ хоҳад буд.