БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДРО ЭҲТИЁТ КАРДА, ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОНРО РИОЯ НАМОЕД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи аксияи ҳизбии  “Солимии миллат-бақои давлат!” Давоми чанд рӯзи охир бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар кӯчаю хонаҳои истиқоматии шаҳри Кӯлоб аксияи фарогир бо усули “Хона ба хона” ва “Даст ба даст” гузаронида мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин аксия пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси навъи COVID–19 мебошад.

Насим Саидов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб зимни баргузории ин аксия шаҳрвандонро хотиррасон кард, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ талоши пайваста намоянд. Дар ҳамин замина, аз ҷониби масъулини ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба аҳолӣ наздики 250-адад варақаҳои иттилоотию ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg