БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии иқтисодию иҷтимоии табибони шаҳри Кӯлоб ва нафароне, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд, кӯмаки моддӣ иборат аз 26 мошини пурбор ба шаҳри Кӯлоб равона карда шуд. Корвони хайриявии Пешвои муаззами милатро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин ҳамраҳӣ намуданд. Ҳангоми ворид шудан ба шаҳри Кӯлоб ҳозиринро раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва табибону ҳамшираҳои шавқат истиқбол намуданд.

Баъди баромади масъулин Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ба сухан баромада, аз номи ҳизбиёну фаъолони шаҳри Кӯлоб ба Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори  минатдорӣ намуд. Инчунин, қайд намуд, ки кӯмаки саривақтии Пешвои миллат, бахусус, кормандони соҳаи тандурустиро рӯҳбаланд намуда, боиси  дастгирии ҳар фарди меҳанпараст маҳсуб меёбад.

Табибон ва намояндагони соҳаи тандурустии шаҳри Кӯлоб аз ин кӯмакҳои хайрхоҳона изҳори хушнудӣ намуда, минатдории хешро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён доштанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg