БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН АЗ МАЪРИФАТИ БАЛАНДИ ШАҲРВАНД ДАРАК МЕДИҲАД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳм мегузоранд. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар қитъаи замин дар шаҳри Кӯлоб самаранок  истифода шуда, деҳқонон талош меварзанд, ки аз як замин ду-се ҳосил ба даст биёранд.

Масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз заминҳои корами кишоварзон дидан намуда, онҳоро ба меҳнати софдилона дилгарм сохтанд. Деҳқонон низ дар навбати худ ваъда доданд, ки баъди бардоштани ҳосил, боз ба коркарди замин машғул шуда, ба ин васила мехоҳанд, аввалан, бозорҳои дохилӣ ва талаботи тоҷирони хориҷиро таъмин намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg