![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/%D0%91%D0%B5%D0%B7%D1%8B%D0%BC%D1%8F%D0%BD%D0%BD%D1%8B%D0%B9_30.jpg?itok=R_ZVEliJ)
КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити афзоиш ёфтани бемориҳои сироятӣ, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва ба истифода даровардани заминҳои бекорхобида, дар шаҳри Кӯлоб корҳои амалӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.
Масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ ҳамарӯза аз рафти корҳои кишоварзони ҳудуди шаҳри Кӯлоб дидан намуда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд. Муҳаммадҷон Зулфов ва Мунаввараи Бозоралӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз рафти кории деҳқонон дидан намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ тақдим намуданд.