БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ БЕКОРХОБИДА ДАР КӮЛОБ БА ГАРДИШ ДАРОВАРДА ШУДАНД!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021)  Ба гардиш даровардани заминҳои бекорхобида ва аз як замин бародоштани ду-се ҳосил шиори кишоварзону деҳқонони шаҳри Кӯлоб буда, ҳамеша пайи бардоштани ҳосили фаровон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъаи заминҳои бекорхобида масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо кишоварзони шаҳр сӯҳбату мулоқотҳо анҷом дода, онҳоро ба меҳнати содиқона даъват намуданд.

Деҳқонони ҷ/д Зиракии шаҳри Кӯлоб зимни мулоқот ба масъулин иттилоъ доданд, ки ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ду-се ҳосил аз як замин, тамоми шароитҳои мавҷударо ба харҷ дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg